10 Сентябр 2025 - 23:58
Source: ABNA
Сарвазири Қатар: Амрико 10 дақиқа пас аз вуқӯи ҳамлаи Исроил моро огоҳ кард

Сарвазири Қатар дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Амрико даҳ дақиқа пас аз вуқӯи ҳамлаи Исроил ба Дуҳа иттилоъ додааст.

Тибқи гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз Ал-Ҷазира, «Шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ», сарвазир ва вазири умури хориҷии Қатар дар конфронси хабарӣ пас аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Дуҳа, ин иқдомро башиддат маҳкум кард ва гуфт: "Кишвари мо мавриди як ҳамлаи хоинона аз сӯи нерӯҳои ишғолгари Исроил қарор гирифт, ки наметавон ҷуз терроризми давлатӣ номи дигаре бар он гузошт."

Вай афзуд: "Мо дар мавриди амнияти хоки хеш кӯтоҳ нахоҳем омад ва ҳаққи посухгӯиро барои худ маҳфуз медонем. Кишвари мо як тими ҳуқуқӣ барои оғози иқдомоти қонунӣ ҷиҳати шеваи посух ба ин ҳамла, ки онро ҳамлаи саркаш медонем, ташкил додааст."

Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ бо киноя хитоб ба Нетаняҳу, нахуст вазири режими саҳюнистӣ гуфт, ки ӯ гуфтааст Ховари Миёнаро аз нав хоҳад сохт, оё мехоҳад кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форсро ҳам аз нав бисозад? "Ончи Нетаняҳу анҷом медиҳад, терроризми давлатӣ барои бесубот кардани минтақа аст."

Вазири хориҷаи Қатар афзуд: "Мо ба як лаҳзаи ҳассос расидаем, ки бояд посухи воҳид ба ваҳшигарӣ ва барбарият Нетаняҳу дода шавад. Мо як кишвари миёнҷиҳастем ва ин ҳамла танҳо як хиёнат аст."

Сарвазир ва вазири хориҷаи Қатар дар идома афзуд: "Музокирот дар рӯзҳои ахир идома дошт ва мо ба дархости Амрико дар ҳоли баррасии охирин пешнависи будем. Бинобар ин нақзи ҳокимияти кишварҳо бидуни ҳеҷ гуна таваҷҷӯҳе, як беэътиноӣ аст, ки набояд нодида гирифта шавад."

Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ дар бораи иттилои тарафи амрикоӣ аз ин ҳамла гуфт: "Тарафи амрикоӣ 10 дақиқа пас аз вуқӯи ҳамла моро огоҳ кард."

"Ҳамлаи Исроил як амалиёти хоинона буд, ки аз он танҳо дар лаҳзаи вуқӯъ бохабар шудем ва ҳеҷ гуна ҳамоҳангӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Исроил дар мавриди ҳамла ба Дуҳа вуҷуд надоштааст."

Вазири хориҷаи Қатар таъкид кард: "Кишвараш дар нақши миёнҷигарӣ аз ҳеҷ талоше фурӯгузор нахоҳад кард ва ҳарчи дар тавон дорад барои таваққуфи ҷанг дар Ғазза анҷом хоҳад дод; зеро дипломатияи Қатар бар пояи субот дар минтақа бино шудааст."

Your Comment

You are replying to: .
captcha